Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин

23 январи соли 2019 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва  Мухтори Ҷумҳурии Мардумии  Чин ҷаноби Лю Бин мулоқот анҷом дод.  

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои  мутақобилан судманди ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор доданд.  

Ҷонибҳо инчунин таҷрибаи хуби ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ бо қаноатмандӣ таъкид  намуда, дар мавриди баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар нимаи аввали соли 2019 дар қаламрави ду кишвар табодули афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj