Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Озарбойҷон

24 январи соли 2019 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Озарбойҷон Нияз Ализаде  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии миёни ду кишвар ва дурнамои рушди онҳоро ба таври муфассал муҳокима намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳо вобаста ба самтҳои ҳамкори миёни палатаҳои савдо ва саноат ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди соҳибкорони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати мусоидат ва ба танзим  даровардани робитаҳои шарикии боэътимод миёни соҳибкорони ду кишвар баён намуданд.



© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj