Тоҷикӣ | Русский | English  

Рӯнамои зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Москва

24 январи соли 2019 дар ҳошияи барномаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-20121)”, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоишро дар мавзӯи "Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон" баргузор кард.

Дар ҳамоиш, ки дар толорҳои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва доир шуд, намояндагони ҳафтод муассиса ва ширкатҳои маъруфи сайёҳии Россия, мақомоти давлатии соҳавӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Ҳамчунин, зиёда аз 10 ширкати бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд намояндагиҳои онҳо дар қаламрави Россия дар кори ҳамоиш бо муаррифномаҳои худ иштирок намуданд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саёҳӣ ва таҷдиди зарфиятҳои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати татбиқи барномаҳои дахлдор чораандешӣ мекунад. Бо ишора ба он, ки соли 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда буд, қайд гардид, ки дар ин марҳила теъдоди сайёҳони ба Тоҷикистон сафаркарда, 2,5 маротиба нисбат ба соли 2017 афзуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо, ки ҳадаф аз онҳо мусоидат ба рушду таҳкими ҳамкориҳо ва табодули афкору таҷриба миёни муассисаю ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия аст, аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.

Бо истифода аз чунин фурсати муносиб намояндагони ширкату муассисаҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон, Қароргоҳи куҳнавардии “Артуч”, осоишгоҳи “Шифо”, шаркатҳои сайёҳии “Саразм”, “Куҳандиз”, “Бунёд-Тур”, “Бозори Вору”, “Чил меҳроб” ва “Авиткон” дар бораи зарфиятҳои сайёҳии кишвар, шароити муносиби муҳайёшуда ҷиҳати сайру тамошои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ, маълумоти муфассал пешниҳоди ҳоизирин намуданд.

Зимни чорабинӣ ҳамчунин лавҳаҳои видеоии ҷолиб дар бораи имкониятҳои сайёҳӣ, иншооти фарҳангию фароғатӣ ва осорҳои таърихию археологии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Ба ҳамаи иштирокдорон харитаҳо, руқъа ва дигар маводи сайёҳӣ тақсим гардид.

Дар фарҷоми Ҳамоиш бо мақсади таҳкими равобит ва табодули мушаххасот, намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия суҳбатҳои алоҳидаи рӯ ба рӯ гузарониданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj