Тоҷикӣ | Русский | English  

Муарифии ҳунарҳои дастии бонувони тоҷик дар ш.Боку

Санаи 24 январи соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони ҳунарҳои дастии бонувони тоҷик, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 40 нафар меҳмонон аз ҷумла занону бонувон аз доираҳои илму фарҳанги Озарбойҷон, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими ш.Боку, ва тоҷикони муқими Озарбойҷон ҳузур доштанд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ, шугли дузандагӣ, бофандагӣ, кокулбофӣ, болиштдузӣ, қаламзанӣ, даструймолчаҳои арӯсӣ ва мазмуни онҳо, инчунин либоси миллии тоҷик аз қабили атлас, адрас, чакан, гулдӯзӣ, сузанӣ, кундал, суруду оҳангҳои гуногунжанр ва маъруфу машҳури тоҷикӣ, ба иштирокчиён муарифӣ карда шуд.
 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj