Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо директори Департаменти сайёҳии Қирғизистон

29 январи соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Суҳроб Олимзода бо директори Департаменти сайёҳии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон Максат Дамир уулу вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни вохӯрӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи саёҳӣ маълумоти муфассал дод.

Ҷонибҳо баргузории чорабиниҳои муштаракро, ки ҳадаф аз онҳо мусоидат ба рушду таҳкими ҳамкориҳо ва табодули афкору таҷриба миёни муассисаю ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон аст, муҳим арзёбӣ намуда, ташкили ҳамоиши  ширкатҳои сайёҳро дар соли ҷорӣ ба нақша гирифтанд.

Ҳамзамон дар мавриди кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ бо иштироки ширкати “Сомон-Эйр” бо кишварҳои хориҷӣ тариқи шаҳри Бишкек гуфтугӯи судманд анҷом дода шуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj