Тоҷикӣ | Русский | English  

Даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса

29 январи соли 2019 дар ш.Париж даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гаштанд. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Фаронсаро Директори генералии Департаменти Аврупои Континенталӣ хонум Флоранс Манжан роҳбарӣ намуданд.

Дар машваратҳо ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар ширкат варзиданд.

Дар рафти нишаст ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, гидроэнергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, илму фарҳанг ва сайёҳиро мавриди муҳокима қарор доданд. Табодули афкори судманд дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт.

Дар хотимаи машваратҳо ҳавасмандии амиқи мутақобилаи ҷонибҳо ҷиҳати ҷонноксозии минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак тасдиқ гардид.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj