Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар ҷаласаи навабатии Гуруҳи байналмилалии тамос оид ба Афғонистон

Дар таърихи 31 январи соли 2019 дар шаҳри Лондон ҷаласаи навабатии Гуруҳи байналмилалии тамос оид ба Афғонистон баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори ҷаласаи мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори кишвар дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода муаррифӣ намуд.

Ҷаласаи Гуруҳи байналмилалии тамос оид ба Афғонистон соли 2009 таъсис ёфта, ҳамчун сиғаи махсус ба мақсади ҳамоҳанг намудани ташаббусҳои ҷемеаи байналмилалӣ дар раванди таъмини амну субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шинохта шудааст.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj