Тоҷикӣ | Русский | English  

Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар ҷазираи Киш

 Рӯзҳои 30-31 январи соли  ҷорӣ дар ҷазираи Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи “Бозори меҳнат дар оянда ва имкониятҳои сармоягузорӣ ва гардишгарӣ” бо иштироки намояндагони ҳайати дипломатии кишвари иқомат, ниҳодҳои мухталифи Эрон, инчунин сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  Неъматулло Эмомзода суханронӣ намуда,  дар бораи имконият ва зарфиятҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Сафир  дар бораи рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди ҶТ ҳарф зада, оид ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»” эълон шудани солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон, дар  хусуси ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба  масоили обию энергетикӣ, бахусус оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иттилоъ дод ва дар зимн аз нақши муҳимми тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ дар  пешрафти ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ва кишварҳои минтақа таъкид ба амал овард.


 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj