Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Малайзия

14 феврали 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷкистон дар Малайзия М. Муҳаммадӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Ҳоҷӣ Марзуқӣ Ҳоҷӣ Яҳё баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, ки дар фазои ҳамдилӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила сурат гирифт, маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия, таъмини иштироки ҳайатҳои сатҳи олӣ дар чорабиниҳои байналмилалии сатҳи банланд аз ҷумла, Саммити 5-уми давлатҳои аъзои Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj