Тоҷикӣ | Русский | English  

Боздид Сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Тсукуба

19 феврали соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов аз  Донишгоҳи Тсукуба боздид намуда, бо роҳбарияти он профессор Кёсуке Нагата, ҳайати профессорону устодони Донишгоҳ ва ҳамчунин донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар барномаҳои магистрӣ ва докторантураи он муассисаи илмӣ таҳсил менамоянд, мулоқот баргузор намуд.

Зимни мулоқот бо профессор Кёсуке Нагата миёни ҷонибҳо оид ба натиҷаи боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Тсукуба (4 октябри соли 2018), ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Донишгоҳи Тсукуба ва муассисаҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии Тоҷикистон, инчунин раванди таҳсил ва шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафири Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон, ташаббусҳои Президент ва фаъолияти Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии ҷавонон суҳбат карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки хуб таҳсил намуда, Тоҷикистонро дар кишвари иқомат ба таври шоиста муаррифӣ кунанд.




 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj