Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо Муовини парлумонии Вазир

4 марти соли 2019, дар Вазорати корҳои хориҷии Япония миёни ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Кенҷӣ ЯМАДА мулоқоти судманду хотирмон гузашт.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои парлумониро хуб арзёбӣ намуда, аз натиҷаи ҳамкориҳо дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналхалқӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳайати кишвар иборат аз Раиси гуруҳи дустии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония - Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҳоким Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ ва Гулбаҳор Ашурзода буд.

Худи ҳамин рӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Озмоишгоҳи парвариши растаниҳои сабзавотӣ дар гармхонаҳои геотермалии Донишгоҳи Чиба ва Осорхонаи ширкати ҳавопаймоии «All Nippon Airways» (ANA) ба мақсади шиносоӣ аз фаъолияти он ниҳодҳо боздид намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj