Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи гурӯҳи техникии минтақавӣ «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» дар ш. Ашқоботи Туркманистон

6 марти соли 2019 дар ш. Ашқоботи Туркманистон  ҷаласаи  гурӯҳи техникии минтақавӣ   «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» баргузор гардид,  ки дар он корпуси дипломатӣ, ташикилотҳои байналмилаии ва   намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин муаррифи намуд.

Зимни суханронӣ Шарифзода Фаррух аз мавқеи Тоҷикистон ҷиҳати зарурати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва аз иқдоми анҷомдодаи кишвар, ки барои расидан ба ин ҳадаф заруранд, ёдовар шуд.

Дар ин росто кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби Афғонистон ба ҳамгироии минтақавӣ аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ки заминаҳои ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ин кишварро фароҳам меоваранд, таъкид гардид.

Дар суханрони оид ба   хати баландшиддати  CАSА – 1000,  роҳи оҳани  Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ва фаъолияти бозроҳои назди сарҳади қайд карда шуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj