Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо мушовири Президенти Шӯрои Аврупо Магдалена Гроно

Ҳафтуми марти 2019 дар бинои Шӯрои Аврупо мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Э. Раҳматуллозода бо мушовири бахши сиёсати хориҷии Президенти Иттиҳоди Аврупо хонум Магдалена Гроно баргузор гардид, ки дар зимни мулоқот ҷонибҳо рушди муносиботи тарафайн, аз ҷумла масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои созандаи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фазои созандаву дӯстона мубодилаи афкор пиромуни масоили актуалии ҳамкориву ҳамёрии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, тавсеа ва рушди ҷонибҳои мухталифи он сурат гирифт.

Хонум Магдалена Гроно дар тақвияти гуфтаҳо, аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор кард, ки дар оянда рушд додани чунин ҳамкориҳоро дар асоси созишномаҳои ҳамкории тарафайн бар салоҳи муносибот мешуморад. М.Гроно қайд намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи баланд таваҷҷӯҳи хоса дода умедвораст, ки онҳо дар оянда низ рушди матлуб хоҳанд дошт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj