Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

Рӯзи 7-уми марти соли 2019 дар Душанбе Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардиданд.  

Зимни машваратҳои сиёсӣ атрофи масъалаҳои вобаста ба тамосҳо ва сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд, ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, татбиқи имкониятҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ,  таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, содда кардани раводид барои шаҳрвандони ду кишвар, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Дар ҳошияи машваратҳои сиёсӣ Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ роҳбари ҳайати туркӣ Директори генералии Сарраёсати муносибатҳои дуҷонибаи сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Йонет Ҷан Тезелро ба ҳузур пазируфт ва доир ба рушди муносибатҳо миёни ду кишвари дӯст суҳбат орост.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj