Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Вазири рушди соҳибкории Малайзия

12 марти 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷкистон дар Малайзия М. Муҳаммадӣ бо Вазири рушди соҳибкории Малайзия Датук Сери Моҳд Ризвон Юсуф баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзияро дар самти соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо тазаккур доданд, ки баъди аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Куала Лумпур гузаронидани чандин бизнес-форумҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки соҳибкорони тоҷик ва малайзӣ имконоти воқеии фаъол гардонидани ҳамкориҳо байни онҳо, аз ҷумла гузаронидани бизнес-форумҳо бо иштироки доираи соҳибкорони малайзӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj