Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ш. Боку

12 марти соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар якҷояги бо сафоратхонаҳои Афғонистон, Қазоқистон, Покистон,  Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.   
Дар рафти чорабинӣ вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Озарбойҷон, доираи олимон ва намояндагони ҷамъиятӣ, ВАО-и кишвари иқомат, инчунин тоҷикони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Гараев Абдулфас, Намояндаи дафтари СММ дар Озарбойҷон Ғулом Исакзай, Сафири Туркия Эркан Озорал ва Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ ифтитоҳ шуд.  
Дар чорабинӣ  аз ҷониби Сафорат гушаи Тоҷикистон ороста шуд, ки дар он бо ишораи рамзи Наврӯзи-2019, ороишҳои минтақаҳои мухталифи кишвар ва асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, либосҳои миллӣ, чакандӯзиҳо, кундалҳову заркӯбиҳои тоҷикӣ,  китобҳо, аксҳои табиати зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои он, бо таъомҳои миллии ватанӣ ба намо гузошта шуданд.
Чорабинӣ бо оҳангу сурудҳои миллӣ ва рақс доир гардид, ки дар онҳо меҳмонон ба як завқи баланд ширкат карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj