Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вена

13 марти соли 2019 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид  дар Вена бо ташаббуси Намояндагиҳои доимии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. 

Дар чорабинии наврӯзӣ намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, созмонҳои байналмилалӣ, ҳайати дипломатии муқими Вена ва меҳмонони сершумор иштирок доштанд.

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо гӯшаи фарҳангӣ ва намоишии худро бо наворҳои ҷолибу тамошобоби наврӯзӣ, либосу анвои гуногун, намунаи ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, гулдӯзӣ ва маводҳои гуногуни таблиғотӣ ороиш дод. Гӯшаи Тоҷикистон бо дастархони идона густурда шуда, ба меҳмонони ҷашн намудҳои гуногуни ғизои миллӣ, меваҳои хушк ва тару тоза пешниҳод гардиданд.

Аз дастархони миллии тоҷикӣ теъдоди зиёди ширкаткунандагон дидан карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj