Тоҷикӣ | Русский | English  

Семинар –машварат дар мавзуи “Талаботи қонунгузорӣ вобаста ба пешгирӣ намудани қоидавайронкунӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ”

Санаи 13 марти соли 2019 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ семинар –машварат дар мавзуи  “Талаботи қонунгузорӣ вобаста ба пешгирӣ намудани қоидавайронкунӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ” баргузор гардид.

Дар кори семинар–машварат дар баробари мутахассиcoни КВД “Тоҷикдипсервис” ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ инчунин масъулини воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Дар чорабинии мазкур масъалаи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён вобаста ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои қоидавайронкунӣ изҳори андеша намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj