Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияҳои табрикӣ аз номи Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Имрӯз, 23 марти соли 2019, ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Дар номаи табрикотии Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ман ба Шумо, оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи масрур ва фархунда орзу менамоям. Дар ин иди пуршукуҳ, аксарият дар Амрико ва атрофи ҷаҳон якҷоя эҳё ва азнавшавии табиатро ҷашн мегиранд.

Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир дар якҷоягӣ барои ҳалли мушкилиҳо ҳамкорӣ менамоянд. Ман хурсандам, ки миллатҳои мо дар мубориза бар зидди терроризм, ки ба беҳбудии Тоҷикон, Америкоиҳо ва ҳамаи мардуми олам хатар эҷод менамояд, шарикони наздик мебошанд.

Дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ман қаноатмандам, ки тиҷорати америкоӣ имкониятҳои нави ҳамбастагӣ бо Тоҷикистонро ҷустуҷу дорад. Наврӯз муборак!»

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ

Сипоси бепоёни маро ҷиҳати табрикоти самимиятон ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай қабул намоед.

Наврӯз мавқеи хубест барои тараннуми ҳаёт ва таҷлили зиндагӣ ва эҳсоси азнавсозиву эҳёи табиат, ки аз омад-омади баҳор дарак медиҳад.

Ба муносибати ин рӯзи Саид ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ ва хушбахтӣ ва ба мардуми Тоҷикистон пешравиву шукуфоии доимиро орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ғанимат медонам».

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj