Тоҷикӣ | Русский | English  

Муаррифии филми ҳуҷҷатии “Занони Роҳи Абрешим”

3 апрели соли 2019 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Салтанати Умон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО муаррифии филми ҳуҷҷатии “Занони Роҳи Абрешим” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони доимии кишварҳои аъзои ЮНЕСКО, ҳайати дипломатӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, сокинон ва меҳмонони пойтахти Фаронса ширкат доштанд.

Дар филм зиндагинома ва фаъолияти чор нафар зан аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркия, Умон ва Эрон нишон дода шудааст, ки шуғли онҳо санъати қадимии қолинбофӣ ва сӯзанидузии кишварҳои ҳавзаи Роҳи Абрешим буда, сарчашмаи асосии даромади онҳо ба шумор мерафт.

Баъд аз намоиши филми болозикр мизи мудаввар зери унвони “Нақши занон дар Роҳи Абрешим” бо иштироки намояндагони кишварҳои Умон, Туркия, Бангладеш, Эрон ва Тоҷикистон доир гардид. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ба коргардони филм хонум Ясамин Малекнаср (Эрон) изҳори ташаккур намуда, нақши муҳими занро дар эҳё ва таҳкими фарҳангу санъати минтақаҳои Роҳи Абрешим, аз ҷумла дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон таъкид кард.  

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj