Тоҷикӣ | Русский | English  

Маросими кушодашавии Маркази байналмилалӣ оид ба ирсияти тиббии бемориҳои неврологӣ

Дар таърихи 3 апрели соли 2019 дар бинои Палатаи Лордҳои Британияи Кабир чорабинӣ бахшида ба кушодашавии Маркази байналмилалӣ оид ба ирсияти тиббии бемориҳои неврологӣ баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари шарики Марказ барои иштирок дар чорабинии номбурда даъват гардид.      

Фаъолияти Маркази мазкур аз ҷониби Шӯрои тадқиқоти тиббии Британияи Кабир ва донишгоҳҳои Нюкастл, Кембриҷ ва Коллеҷи Лондон дастгирӣ ёфта, дар ҳаҷми 5,66 млн фунт стерлинг маблағгузорӣ гардидааст.

Мақсади асосии Марказ барқарор намудани ҳамкориҳои фаромиллӣ дар соҳаи тадқиқоти ирсияти тиббӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби он таҳия ва ташкили барномаҳо ва механизмҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла барномаи байналмилалии таҷрибаомӯзӣ, платформаи ягонаи биоинформатикӣ ва клиникӣ, муайян сохтан ва арзёбӣ намудани бемориҳои ирсии нав ва афзоиш додани шумораи муолиҷаи гирифторони чунин бемориҳо дар назар дошта шудааст.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj