Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар ҷалаcаи навбатии Клуби сафирони давлатҳои аъзои СҲШ дар музофоти Шандонг

Рӯзҳои 2-4-уми апрели соли 2019, Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо сафари корӣ ба шаҳрҳои Вэйхай ва Ҷинани музофоти Шандонг ташриф оварда, дар ҷалаcаи навбатии Клуби сафирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд. Дар доираи он масъалаҳои таъмиқи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ миёни давлатҳои аъзои СҲШ ва музофоти Шандонг баррасӣ шуданд.

Сафирон ва намояндагони сафоратҳои давлатҳои аъзои СҲШ ва Котиби генералии СҲШ Владимир Норов аз як қатор корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ва муассисаҳои таълимӣ дидан карданд.

Дар доираи барнома, муаррифии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузории давлатҳои аъзои СҲШ ва ширктаҳои музофоти Шандонг багузор шуданд. Баъд аз анҷоми муаррифии лоиҳаҳо бо намояндагони сохторҳои давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳот,  идораҳои тиҷорат, фарҳанг ва сайёҳии музофоти Шандонг, инчунин ширкатҳои бонуфузи Haier, WEGO Group, Shandong Hi-Speed Group табодули назар доир шуд.

Клуби сафирони СҲШ - маҳфили ғайрирасмии баргузор намудани иртиботу мулоқотҳо мебошад, ки  барои дарёфти самтҳо, шаклҳо ва усулҳои нави ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар доираи СҲШ равона шудааст.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj