Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шӯрои вазирон ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт

7 апрели соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло Наҷот бо Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шӯрои вазирон ва Вазири мудофиаи он кишвар Шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, барқарор намудани ҳамкориҳои низомӣ миёни вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар, ҳифзи сарҳад, мубориза бо терроризму экстремизм ва  хатарҳои муосире, ки амнияти байналмилалиро халалдор месозад, баррасӣ гардида, перомуни масоили муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин ҷонибҳо бар зарурати табодули сафарҳои сатҳи баланду олӣ таъкид намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj