Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо роҳбари ширкати Соҳот-ул-Мудуни Саудӣ

8 апрел Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар қароргоҳи Сафорат бо Раиси Шӯрои идории ширкати "Соҳот-ул-Мудун" (CITY SQUARES) Муҳаммад ибни Рошид ибни Адвон мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории бахшҳои хусусии Тоҷикистону Саудӣ дар самтҳои саёҳат, сармоягузорӣ ва тарғибу ташвиқи он дар воситаҳои ахбори арабию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Чунонки зикр гардид, роҳбарияти ширкати "Соҳот-ул-Мудун" омода аст, намояндагии худро дар Тоҷикистон боз намуда, дар тарғибу ташвиқи зебоиҳо ва имконоти сайёҳию сармоягузории кишвар ва ҳамчунин фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик дар воситаҳои ахбори арабию ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзад.

Муҳаммад ибни Рошид ибни Адвон ҳамчунин даъвати Сафирро барои иштирок дар форуми байналмилалии "Сармоя ва соҳибкорӣ дар раванди муосири иқтисодӣ", ки 20-21 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, пазируфта, таъкид дошт, ки аз имкони мусоид истифода хоҳад кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj