Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон

15 апрели 2019 дар Душанбе даври дувуми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардида, роҳбарии ҳайатҳоро Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батмунх Батсемсег ба уҳда доштанд.

Дар машваратҳои сиёсӣ дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳайатҳо инчунин ҳамкории ду ҷонибро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj