Тоҷикӣ | Русский | English  

Mулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс бо Президенти Ассосиатсияи ширкатҳои сайёҳии Белгия

12 апрели соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс Эркинхон Раҳматуллозода бо Президенти Ассосиатсияи ширкатҳои сайёҳии Белгия Люк Коусман баргузор гардид. Ин ниҳоди соҳибэътимоди Белгия, ки 23 ширкати бузурги туристии ин кишвар ва 45 узви дигари ин иттиҳодро, ки АБТО ном дорад, муттаҳид менамояд, 85 дарсади бозори саёҳатҳои Белгияро дар ихтиёр дорад.

Гуфтугӯ дар бораи иктидори васеи ин иттиҳод ва истифодаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон доир шуда, сухан оид ба ташкили як муаррифӣ бо ширкати аъзои АБТО рафт, ва мувофиқа шуд, ки чунин чорабинӣ бо иштироки ниҳодҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Брюссел танзим гардад ва оғози ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ин Ассосиатсия бо Тоҷикистон бошад.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj