Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии навбатии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати ҳамоҳангсозии масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аломатгузории Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Аз 11 то 17 апрели 2019 дар Самарқанд вохӯрии навбатии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати ҳамоҳангсозии масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аломатгузории Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар он вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ ва техникии аломатгузории Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳамоҳанг намуда, ҳамзамон нақшаи замонии корҳои саҳроиро омода намуданд.

Бар пояи натиҷаҳои вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда вохӯрии навбатии ду кишвар дар даҳаи дуюми моҳи майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj