Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо сардори Раёсати зиддитеррористии СММ

16 апрели 2019 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашхобод  мулоқоти  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо сардори Раёсати зиддитеррористии СММ Ҷаҳонгир Хон баргузор гардид.  

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сафири Тоҷикистон дар робита ба мавзӯъ ба мусоҳиби худ дар бораи раванди омодагӣ ба Конфронси  сатҳи баланди “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он тавассути интиқоли ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот дод.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj