Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Тоҷикистон дар нишасти кормандони аршади кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё

30 апрели соли 2019 дар Давҳа дар остонаи Иҷлосияи 16-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё нишасти кормандони аршади кишварҳои узви созмон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон ширкат намуд.

Дар рафти ҷаласа ҳайатҳо рӯзномаи  Иҷлосияи 16-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё ва пешнависи санади хотимавии нишасти мазкур - Эъломияи Давҳаро ҳамоҳанг намуда, фаъолияти Муколамаи ҳамкории Осиёро дар давоми 17 соли гузашта мавриди арзёбии фарогир қарор доданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj