Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон

29 апрели 2019 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Вазири федеролии коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон Мурод Саид баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар, хусусан дар бораи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли бору маҳсулот  мубодилаи афкор намуданд.

Вазири федеролии Покистон Мурод Саид ҷиҳати зудтар пайвастшавии Тоҷикистонро бо роҳҳои байналмиллалӣ тариқи бандари обии Покистон дастгирӣ намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj