Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар вохӯрии 11-уми вазирони кишварҳои узви Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводди нашъаовар дар Осиёи Марказӣ

3 майи 2019 дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 11-умин вохӯрии вазирони кишварҳои узви Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводди нашъаовар дар Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин оид ба дастовардҳо ва саҳми босазои Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҷинояткории мутташаккили марбут ба он ва иқдомҳои кишвар дар ин самт ибрози ақида карда, ҳозиронро ҷиҳати ширкат дар Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Эъломияи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва пешмоддаҳои он, пешгирии истеъмоли маводди нашъаовар ва маводди психотропӣ қабул гардид.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj