Тоҷикӣ | Русский | English  

Cуханронии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар мулоқоти Кумитаи 1540-и Шӯрои Амният

3 майи 2019 дар қароргоҳи СММ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар мулоқоти Кумитаи 1540-и Шӯрои Амнияти СММ оид ба муаррифии натиҷаҳои силсила-мулоқотҳои сеҷонибаи назарсанҷӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок ва суханронӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки мулоқоти мазкур яке аз аввалин муаррифиҳо талошҳои муштараки кишварҳои аъзо аз минтақаи мо дар самти татбиқи қатъномаи 1540-и Шӯрои Амнияти СММ маҳсуб меёбад.

Ташаббуси мазкур мавриди ҷонибдории намояндагони кишварҳои аъзои Шӯрои Амнияти СММ қарор гирифт.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ  изҳор намуд, ки силсила-мулоқотҳои сеҷонибаи назарсанҷӣ ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва коркарди тадбирҳои муштарак ҷиҳати баррасии таҳдиди паҳншавии силоҳҳои куштори ҷамъии ҳастаӣ, кимиёвӣ ва биологии  дар минтақа мусоидат намудаанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj