Тоҷикӣ | Русский | English  

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Муколамаи сохтории САҲА бахшида ба ҷабҳаҳои сиёсӣ-низомии муқовимат бо терроризм

6-7 майи соли 2019 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Зоҳир Саидзода дар кори ҷаласаи Муколамаи сохтории САҲА иштирок кард. Тибқи барномаи ҷаласаи мазкур роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба сифати гузоришагари калидӣ дар ҷаласаи дуюми Муколама бахшида ба ҷабҳаҳои сиёсӣ-низомии муқовимат бо терроризм суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ З.Саидзода кишварҳои узви САҲА-ро бо саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо таҳдидҳо ва чолишҳои марбут ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез ва раванди татбиқи уҳдадориҳои кишвар дар чаҳорчӯби асноди ҳуқуқи байналмилалӣ ва минтақавӣ шинос намуд.

Дар заминаи ҳамкориҳо бо САҲА дар доираи ченаки низомӣ-сиёсӣ, З.Саидзода аз татбиқи як қатор барномаву лоиҳаҳои муштарак, аз қабили коркарди Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ислоҳоти милитсия, тавсеаи иқтидори кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ дар самти назорати захираҳои силоҳи сабуки оташфишон, силоҳи муқаррарӣ ва безараргардонии минаҳо, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Вобаста ба масъалаи қочоқи маводди мухаддир ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризм, Муовини вазир аз кишварҳои узви САҲА даъват ба амал овард, ки дар Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (Душанбе, 16-17 майи соли 2019) иштирок намоянд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj