Тоҷикӣ | Русский | English  

Оғози раёсати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА

8 майи 2019 раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) оғоз гардид. Дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена ҷаласаи нахустини умумии FSC таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба кори он Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Зоҳир Саидзода оғоз бахшид.

Дар суханронии худ Муовини вазир барномаи раёсати Тоҷикистонро ба кишварҳои узви САҲА муаррифӣ намуд, ки он дар баробари мавзӯъҳои маъмулии FSC – мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон (SALW) ва силоҳи муқаррарӣ (SCA), мусоидат ба раванди татбиқи муқаррароти қатъномаҳои 1540 ва 1325-и Шӯрои амнияти СММ, инчунин, масъалаҳои авлавиятноки ҷанбаҳои низомӣ-сиёсии амнияти минтақавии Осиёи Марказиро фаро гирифтааст. Таъкид гардид, ки тайи ин давра таваҷҷуҳи вежа ба масъалаи зарурати таҳкими ҳамкорӣ миёни САҲА ва созмонҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, аз қабили СҲШ, СААД ва МҲТБО, инчунин Иттиҳоди Аврупо равона хоҳад шуд.

З.Саидзода азми кишварро ҷиҳати коргирӣ аз равиши мутавозин ва риояи усули баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобил таъйид кард. Тазаккур дода шуд, ки ҳадафи асосии раёсати Тоҷикистон идомаи фаъолияти ҷории Форум роҷеъ ба такмили низоми таъмини назорат дар соҳаи низомӣ мебошад.

Кишварҳои ширкаткунандаи САҲА Барномаи раёсати Тоҷикистон дар Форумро мусбат арзёбӣ карданд. Намояндагиҳои доимии Арманистон, Беларус, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Русия, Словакия, Туркия, Ӯзбекистон, Чехия ва Швейтсария дар назди САҲА бо ҷонибдорӣ аз раёсати Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи умумӣ мулоқоти З.Саидзода бо Дабири кулли САҲА Томас Гремингер баргузор гардид. Дабири кулли САҲА ҳайати Тоҷикистонро бо оғози раёсати кишвар дар FSC табрик намуда, омодагии Котиботи Созмонро ҷиҳати мусоидат тайи ин давра изҳор кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj