Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Роҳбари навтаъйини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе

 14 майи  2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе  Валериу Киверро ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Киверро ба муносибати  таъйин гардиданаш ба  вазифаи пурмасъулият табрику таҳният гуфта, изҳори умед кард, ки ӯ ҳангоми  фаъолияташ дар Тоҷикистон саҳми арзандаи худро дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гузорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши робитаҳо дар доираи се ченаки ҳамкорӣ бо САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро  баррасӣ намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj