Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон

17 майи  2019 дар  Душанбе дар ҳошияи  Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои  муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, таъмини амният ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду кишвар муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj