Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба шаҳри Аомории Япония

22-24 майи соли 2019, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф ба ш. Аомории Япония сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо раис ва дигар намояндагони расмии шаҳри Аоморӣ мулоқот барпо намуд.

Боиси қайд аст, ки дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония (3-5 октябри соли 2018), миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Япония Созишномаи ҳамкорӣ дар бораи давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ба имзо расид.

Аз ин рӯ, 22 майи соли 2019, зимни мулоқот бо Раиси шаҳри Аоморӣ ҷаноби Акиҳико Онодера миёни ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи ташаббуси “Шаҳри мизбон”, машқу тамрини пешазолимпии варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи августи соли равон дар  ш. Аоморӣ ва ҳамчунин дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз мулоқот, Сафири Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳри Аоморӣ дидор намуда, ба саволҳои онҳо посух гуфт.

Ҳамчунин, дар доираи сафари мазкур мулоқотҳои Сафир бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Аоморӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Аоморӣ баргузор гардиданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj