Тоҷикӣ | Русский | English  

Нишасти Кумитаи пайгирии 12-умин ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

28-29 майи 2019 дар Теҳрон нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо сарварии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Шоимзода ширкат варзид.

Нишаст бо суханронии роҳбари ҳайати эронӣ, мушовири Вазири нерӯи ҶИЭ Фарҳоди Яздондӯст, муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Шоимзода ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Н.Зоҳидӣ оғоз гардида, дар идомаи он ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар соҳаҳои гуногун ва роҳҳои татбиқи қарорҳои ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро баррасӣ намуданд.

Нишаст бо имзои Протоколи Кумитаи пайгирӣ, ки дар он мувофиқатҳои ҳосилшуда зикр шудаанд, ба анҷом расид.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj