Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ

29 майи 2019 дар Қасри Муътамароти ш. Ҷидда нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ҷиҳати омодагӣ ба 14-умин Ҳамоиши сарони кишварҳои аъзои СҲИ баргузор гардид.

Дар он чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар иштирок намуд.

Дар нишасти мазкур иштирокчиён лоиҳаҳои санадҳои ниҳоии 14-умин Ҳамоиши сарони кишварҳои аъзои СҲИ – ро муҳокима карданд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими суботу амният ва таъмини шароит барои рушди устувор дар паҳнои СҲИ мавриди гуфтугу қарор гирифтанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj