Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

31 майи соли 2019 дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия баргузор гардид.

Дар машваратҳои мазкур дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва маориф мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамкории  ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидан ба  ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба густариши бештари робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj