Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Котиби муштараки Шуъбаи Аруосиёи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон

6 июни 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Котиби муштараки Шуъбаи Аруосиёи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Маниш Прабҳат мулоқот  намуд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон  дар соҳаҳои мухталиф  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо таъкид карданд.

      

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj