Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовинони ёвари Котиби давлатии ИМА

6 феврали соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини ёвари Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Даниэл Розенблум, Муовини ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат Стивен Фелдштейн мулоқот барпо намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба баргузории давраи навбатии Машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистон ва ИМА дар шаҳри Вашингтон, интихоботи дарпешистодаи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар моҳи март ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, баррасӣ гардиданд.

Инчунин ҷонибҳо дар атрофи раванди кунунии муносибатҳои дуҷониба, масоили минтақавӣ, таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, масоили обу энергетика ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Пас аз мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ намояндагони ИМА дар вохӯрии муштараки сатҳи баланд бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои озодии дин ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар вохӯрӣ Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарӣ намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj