Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Эрон

9 феврали соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталиф, таҳкими пояи шарномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва тавсеаи равобити байни шаҳрҳо ва минтақаҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj