Тоҷикӣ | Русский | English  

Озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар Яман

Тибқи маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор, ки дар минтақаи Маъриби Яман рабуда шуда буд, 10 феврали соли 2015 озод карда шуд.

Ин хабарро ёвари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Яман полковник Набил Ваҷиҳ дар суҳбати телефонӣ аз номи Вазири корҳои дохилии Яман Ҷалол Рувайшон ба Сафири Тоҷикистон дар Қатар эълом дошт.

Тибқи маълумот ҳолати руҳиву ҷисмонии шаҳрванди тоҷикистонӣ хуб аст.

Бояд қайд кард, масъалаи озод кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Вазорати корҳои хориҷӣ қарор дошт ва Вазорати корҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода кард. Аз ҷумла, паёмҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Яман фиристода шуданд.

Инчунин бо супориши Вазири корҳои хориҷӣ Сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ низ барои ҳалли қазияи мазкур 6-7 январи соли 2015 ба Яман сафар кард ва дархости Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Асловро ҷиҳати иқдомоти бештари ҷониби яманӣ дар раҳоиши шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева ба вазирони корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ ва мақомоти амниятии ин кишвар баён дошт.

Вазорати корҳои хориҷӣ бори дигар ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, хотиррасон мекунад, ки бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, аз ҷойҳои таҷаммуъи одамон ва ё гурӯҳҳои алоҳида иҷтиноб варзанд ва дар сурати ташдиди вазъият дар Яман ин кишварро тарк кунанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj