Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон

10 феврали соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Дар ҷараёни музокирот мавзӯҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои созанда ва ҳусни эътимод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар музокирот таваҷҷуҳи хосса ба масоили амниятӣ зоҳир гардид. Бо назардошти ташаккули вазъият дар Афғонистон, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти мубориза алайҳи хатару чолишҳои минтақавӣ, аз ҷумла бо истифода аз абзорҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориии Шанхай таъкид намуданд.

Бар зарурати суръат бахшидан ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни ду кишвар ва ҳалли масоили марбут ба ин раванд тавассути пайдо кардани роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул ва ҷавобгӯи манфиатҳои ду кишвар ишора гардид.

Зимни суҳбат ҳамчунин зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқамандӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назар намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj