Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Белгия бо Дабири кулли Паймони Нерӯ

12 феврали соли 2015 дар ш.Брюссел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Паймони Нерӯ Урбан Руснак баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Паймони Нерӯ муҳокима шуданд.

Сафири Тоҷикистон Р.Солиев ба Урбан Руснак дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар ш.Душанбе дар назар аст, маълумот дода, ӯро ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ даъват намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj