Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон

13 феврали соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Ализода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон С. Ордабаев баргузор гардид.

Зимни мулоқот тарафҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳо ва масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ, рушди заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин дар соҳаҳои муҳоҷират маориф ва фарҳанг табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо зарурати фаъолгардонии нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро, ки баргузории ҷаласаи навбатии он нимаи дуюми марти соли 2015 дар назар аст, ҳамчун механизми таъсирбахш барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба қайд намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj