Тоҷикӣ | Русский | English  

Семинари Тоҷикистон-Кувайт оид ба рушди туризми байналмилалӣ

16 феврали соли 2015 дар меҳмонхонаи “Шератон”-и ш. Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистон-Кувайт оид ба рушди туризми байналмилалӣ кори худро оғоз кард. Семинар бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар чаҳорчӯби семинар гузаронидани мизҳои мудаввар бо иштироки коршиносон ва намояндагони ширкатҳои туристии ҳар ду кишвар ва муаррифӣ таҳти унвони “Туризм дар Тоҷикистон – имконот ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” ба нақша гирифта шудааст.

Семинар ба созмону ширкатҳои туристии Тоҷикистон дар барқарор намудани робитаҳо бо шарикон дар Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ташаккули маҳсулот дар самти туризм бо дарназардошти равандҳои замонавии рушди туризми байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Намояндагони Кувайт инчунин бо имкониятҳои марказҳои табобатӣ-тандурустӣ, муассисаҳои соҳибкорию тиҷоратии дорои осоишгоҳ ва тарабхонаҳо, ҷойҳои фароғатию дамгирӣ ва хизматрасониҳо дар Тоҷикистон шинос хоҳанд шуд.  

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj