Тоҷикӣ | Русский | English  

Ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар ш.Намури Шоҳигарии Белгия

13 феврали соли 2015 дар толори бахши бонки “BNP Paribas Fortis” дар ш.Намур, пойтахти музофоти Валлонияи Шоҳигарии Белгия, таҳти сарпарастии шаҳрдории ш.Намур ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Белгия созмон дода шуд, баргузор гардид. Намур бародаршаҳри Кӯлоб мебошад. Намоишгоҳи мазкур, ки то 26 феврал давом дорад, дар чаҳорчӯби рушди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Белгия ташкил карда шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо шахсони расмии ш.Намур ва музофоти Валлонияи Шоҳигарии Белгия, роҳбарият ва профессорони Донишгоҳи Намур ва муассисаҳои таҳсилоти олии шоҳигарӣ, олимон, фарҳангшиносон, шарқшиносон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ шаҳрдори Намур Максим Прево зимни суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи ин намоишгоҳи ҷолиби аксҳо тазаккур дод, ки он ба тавсеаи робитаҳои фарҳангии Белгияву Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар баромади худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи таърихи кӯҳан ва фарҳангу санъати бойи тоҷикон, ки дар аксҳои рангини ба маърази тамошо гузошташуда инъикос ёфтаанд, маълумот дод. Сафири Тоҷикистон инчунин ба ҷамъомадагон перомуни дастовардҳои кишвари худ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ тайи солҳои истиқлолият нақл намуд.

Сипас профессори Донишгоҳи Лювени Шоҳигарии Белгия Александр Тоуроветс баромад кард. Ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги туристӣ аст ва ҳамватанонашро барои сафари хотирмон ба мавзеъҳои нодири фарҳангию таърихии ин мамлакати хушманзараву офтобӣ даъват кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj