Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Кумитаи Шарқи Иқтисоди Олмон

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо Директори иҷроияи Кумитаи Шарқи Иқтисоди Олмон (Ostausschuss der Deutschen Wirtschaft) доктор Райнер Линднер баргузор гардид.

Зимни сӯҳбат  ҷалби сармояи олмонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар баррасӣ карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи Шарқи Иқтисоди Олмон муассисаи муштараки муҳимтарин иттиҳодияҳои иқтисоди Олмон ба шумор рафта, ҳадафи асосии он ҷонибдории ташаббусҳои соҳибкорони олмонӣ дар Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj